23 июл 2019
Набар дилро зи ман ҷоно, ки ман азми сафар дорам, Ба ҷабри кардаат сӯзам намедонӣ хабар дорам. Раҳо кардам туро аз дил, раҳо кардам туро аз худ, Ба сад ранҷу азобам шомҳо субҳи саҳар дорам. Сарам дар кулбаи танҳо, ба ҷон омад намедонӣ, Ба болои сарам шабҳо зуҳал шамсу қамар дорам. Даромад аз дарам пирй, расондам ҳукми болоӣ, Аз ин ҳукми Худо дода, ба тан ҳам болу пар дорам. Тамоми ҳастиам сӯзад, ба он чашмони ҷодуят, Сари худро ба деворе зада ҳам дарди сар дорам. Куҷо ҷӯям паноҳгоҳе, ки аз душман панаҳ бошам. Ба сахтиҳо намегуфти, ки бар маҳрам назар дорам. Сарам савдо надорад аз барои он тани мушкин, Куҷо донӣ даруни ҳар саҳифа чашми тар дорам. Навиштам сад варақ аҳволи зори бекасиямро, Худо донад, ки дар покии имонам самар дорам. Зи ғамҳои саропо талху ширинам асар дорам!!
мустафо сирочов
2:58